Гуфто, манам турунҷам, к-андар ҷаҳон нағунҷам.
Гуфтам, беҳ аз турунҷи, лекин ба даст наойи.
Гуфто, ту аз кучойи, к-ошуфта менамойи.
Гуфтам, манам ғарибе аз шаҳри ошноӣ.
Гуфто, саре чӣ дори? К-аз сар хабар надори?
Гуфтам, бар остонат дорам сари гадоӣ.
Гуфто, ба дил рубойи маро чӣ гуна бини?
Гуфтам, чу ғунчае гул дар базми дилрубоӣ.
Гуфтам, ки бӯйи зулфат гумроҳи оламам кард.
Гуфто, агар бидони ба ҳам роҳбар ояд.
Гуфтам, ки нӯши лаълат маро бо орзу кушт.
Гуфто, ту бандагӣ кун, ки бандапарвар ояд.