Раҳгаштаи хушрӯйи туро садқа шавам ман!
Он қомати дилҷӯйи туро садқа шавам ман!
[2x]
Бикушо лабҳо ту ҳам чун гули садбарг
Лабҳои сухангӯйи туро садқа шавам ман!
[2x]
Садқа шавам ман! Садқа шавам ман!
Раҳгаштаи хушрӯйи туро садқа шавам ман!
[2x]
Дар кунҷи дар рӯйи ту як холи сиёҳ аст
Он холи дар рӯйи туро садқа шавам ман!
[2x]
Як даста гули тозаву бичиди бароям
Атри гули хушбӯйи туро садқа шавам ман! [2x]
Садқа шавам ман! Садқа шавам ман!
Раҳгаштаи хушрӯйи туро садқа шавам ман!
[2x]
Дар лаб-лаби ҷӯйи ту гули ошиқи печон
Гулҳои лаби ҷӯйи туро садқа шавам ман!
[2x]
Ман ошиқи он зулфи сумансой ту ҳастам!
Печидани гир сӯйи туро садқа шавам ман! [2x]
Садқа шавам ман! Садқа шавам ман!
Раҳгаштаи хушрӯйи туро садқа шавам ман!
[2x]