/Нозия/
Ман иншаб аз Худои хеш
Аз арши Кибриёи хеш
Сиҳатмандӣ талаб дорам
Ба Модарҷони беморам
/Мухаммадрофеъ/
Худовандо маёзораш
Ба дасти дард маспораш
Ба кӯи ғусса магзораш
Макун хораш, макун хораш
/Нозия/
~~~ припев | chorus ~~~
Худои поки ман бишнав
Танини илтиҷоямро.
Барои иззати Модар
Иҷобат кун дуоямро,
~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~
/Нозия/
Миёни ин ҳама шабҳо
Барояш машъал афрӯзам.
Дар оташгоҳи дардаш ман
Шабеҳи чун месӯзам.
/Мухаммадрофеъ/
Ман иншаб аз барои ӯ
Раҳи рӯшноӣ мекобам,
Ниҳода,сар ба зонуяш
Намехобам, намехобам.
/Мухаммадрофеъ/
припев | chorus
/Нозия+Мухаммадрофеъ/
Худоё илтиҷо дорам
Магир аз ман умедамро
Магир аз боғи чашмонам
Гули чодарсапедамро
Гули чодарсапеди ман,
Ҷилои ахтарӣ дорад
Дар ин дунё ки яктоаст
Зи дунё бартарӣ дорад
/Нозия+МухаммадРофе/
припев | chorus
~~~~~~~~~~~~~~~~