current location : Lyricf.com
/
Songs
/
Меҳмон мешави [Mehmon meshavi] [Transliteration]
Меҳмон мешави [Mehmon meshavi] [Transliteration]
turnover time:2024-10-05 13:52:03
Меҳмон мешави [Mehmon meshavi] [Transliteration]

Гуфта буди ин, ки меҳмон мешави,

Дар тани ҷон парварон ҷон мешави.

Рўзу шабҳо интизорам ман ханӯз,

Бо дили умедворам ман ханӯз.

[2x]

Канда шуд дар роҳи ту

чашмони ман, чашмони ман.

Кай ту меоӣи?

Биё, ҷонони ман, ҷонони ман,

ҷонони ман.

Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,

Гарчи дар чашми шумо манзур нест.

[2x]

Ҳар ду дар як шаҳри нав сабзидаем,

Ҳар ду онро ҷону дил бахшидаем.

Шаҳри мо монанди боғу гулшан аст,

Манзили сайру тамошо кардан аст.

[2x]

Сӯи мо гар бо суроғе мерави,

ҷон мерави.

Аз миёни кўча боғе мерави,

ҷон мерави.

Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,

Гарчи дар чашми шумо манзур нест.

[2x]

Comments
Welcome to Lyricf comments! Please keep conversations courteous and on-topic. To fosterproductive and respectful conversations, you may see comments from our Community Managers.
Sign up to post
Sort by