Ман ошиқам, ман ошиқам, ман ошиқи деринаам,
Ман ошиқи он соиду он ғабғабу он синаам.
Гар ман надорам симу зар, гар ман надорам баҳру бар,
Дорам туро то дар бағал, ганҷинаам, ганҷинаам.
Чун барфи навборидае сар то ба поят бевубол,
Ман ошиқи он манзару он пайкари симинаам.
То ҳаст ҳусни сабзи ту, сабз аст боғи ишқи ман,
Ман ошиқи он талъату он чеҳраи сабзинаам.
Расвои ишқи ту манам, яктои ишқи ту манам,
Имрӯз гар по дар гилам, то манзиле як зинаам.
Имрӯзу фардои маро нодида ангорӣ, вале
Имрӯзу фардои туро оинаам, оинаам!