current location : Lyricf.com
/
Songs
/
Худо бо туст [Khudo bo tust] [Russian translation]
Худо бо туст [Khudo bo tust] [Russian translation]
turnover time:2024-11-08 01:15:24
Худо бо туст [Khudo bo tust] [Russian translation]

Агар дар мулки бегона, ғарибу бенаво мони,

Агар бе болу пар дар сад балое мубтало мони.

Ту танҳо нести як зара умеди раҳо бо туст,

Худо бо туст, ҳей танҳо Худо бо туст, Худо бо туст! [2x]

Агар танҳоӣ танҳоӣ, миёни халқи бегона,

Ҳама дил монда дил бишкаста, зору хаста бехона,

Агар ёрат хиёнат карду, ногаҳ дӯст душман шуд,

Тамоми умр бемаъно, тамоми зиндагӣ фанд шуд.

Машав навмед ҳоло, як умеди раҳкушо бо туст,

Худо бо туст, ҳей танҳо Худо бо туст, Худо бо туст! [2x]

Зи номардӣ ин дунё аз ду чашмат об мерезад,

Хиёнат аз пасу пеши ту чун хезоб мехезад.

Дар ин дайри ҷафопеша, дар ин дунёи пурасрор,

Раҳо шав аз ҳама худро ба дастони Худо биспор.

Дар ин дунё, дар он дунё, ҳамин як раҳнамо бо туст,

Худо бо туст, ҳей танҳо Худо бо туст, Худо бо туст! [4x]

Comments
Welcome to Lyricf comments! Please keep conversations courteous and on-topic. To fosterproductive and respectful conversations, you may see comments from our Community Managers.
Sign up to post
Sort by