Бе ту нафас ҳаром аст, оризум нотамом аст.
Рӯзе ки ту набоши, ин зиндагӣ ҳаром аст.
~~~ припев| chorus ~~~
Хотираҳо бо ту, ҳей ишқи ман чунин аст:
Гоҳ гиря гоҳ шодӣ, тақдири мо ҳамин аст.[2x]
~~~~~~~~~~~~
Вақте, ки дӯст дошти, дигар чӣ қаҳру оштӣ?
Гуё маро ту кушти.
Дигар кӣ метавонад? Моро ба ҳам расонад?
Танҳо агар гузошти.
Бо ман ту сарнавишти
Ҳей содаи биҳиштӣ!
припев| chorus.
Вақте, ки дӯст дошти, дигар чӣ қаҳру оштӣ?
Гуё маро ту кушти.
Ҳей зиндагӣ асирам, бе ту нафас нагирам.
Бе ошиқӣ мемирам.
Ман ҳар куҷо ки мерам, ту ҳасти мунтазирам.
припев| chorus.
Бе ту нафас ҳаром аст, оризум нотамом аст.
Рӯзе ки ту набоши, ин зиндагӣ ҳаром аст.
припев| chorus.