Ғарибӣ дарди сахт аст, эй бародар.
Афсӯс, ки дар ин дашту биёбон мурдаам,
Дур аз Ватану ҷудо зи хешон мурдаам.
Як парча хате бикун ба ёрону рафиқ,
Дар хат бинавис, ки ман пурармон мурдаам.
Ҳар ҷо ғарибам, ҳар ҷо фақирам.
Эй боди сабо, хабар бибар сӯи Ватан,
Бар ҷамъи бародарону бар модари ман.
Як дам бинишин дар таги ин беди чаман,
Моро набувад насибаи ёди Ватан.
Ҳар ҷо ғарибам, ҳар ҷо фақирам.
Сад ғам ба касе, ки аз Ватан канда шавад.
Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад.
Ҳар ҷо ғарибам, ҳар ҷо фақирам.