Ба ду чашмони сиёҳи ту қасам,
Ки бидуни ту асири қафасам.
Агар аз ман биравӣ, баста шавад
Аз ғами ҳаҷри ту роҳи нафасам
Зи кадом қисса ту оғоз шудӣ?
Ба гулӯ-м оташи овоз шудӣ.
Рӯи ҳар пардаи оҳанги дилам
Шӯълаи ишқи ғазалсоз шудӣ.
~~~~ припев | chorus ~~~~
Фиребо, фиребо, нигоҳи чашми зебо,
Чӣ зебо, чӣ зебо, ҳамун чашми фиребо
Умеде зи фардо ба чашмони ту пайдо.
Зи чашмат ҳувайдо, шудӣ ошиқи шайдо,
шудӣ шайдо....
~~~~~~~~~~~~~~
Бурдам аз ёд Худоё ҳамаро ,
Ҳаваси ғамшикани замзамаро.
Эй сабабгори ғами ишқ бубин,
Шӯри ин дил ба куҷо бурд маро
Бо ту пайвандаву бегона зи худ
Обаму хокаму гаҳ оташе дуд
Ба ҳама бешу-камӣ умревале
Хуше як хуштар аз ишқи ту набуд
припев | chorus [2x]