current location : Lyricf.com
/
Songs
/
Дар оғуши ту мемирам [Dar oghushe to memiram] lyrics
Дар оғуши ту мемирам [Dar oghushe to memiram] lyrics
turnover time:2024-11-29 12:37:13
Дар оғуши ту мемирам [Dar oghushe to memiram] lyrics

===== припев ======================

Дар оғуши ту мемирам!

Дар оғуше, ки аз гармӣ ҷонсӯзи танат сӯзам.

Дар оғуше, ки аз лабҳои нармат бодаҳо нӯшам.

Дар оғуши ту мемирам!

Дар оғуше, ки бо рағми хазонҳо сабзу гулпӯшам!

Дар оғуше, ки аз эҳсоси ларзишҳои рӯёиш мадҳушам!

Дар оғуше, ки бори зиндагӣ меафтад аз дӯшам!

Дар оғуше, ки мегардад ҳама дунё фаромӯшам!

Дар оғуше, ки ҷои доду фарёд аст хомӯшам!

Маро ин ганҷ чи давлат аст, ки бо ту ҳам оғушам!

Дар оғуши ту мемирам!

=================================

Аз он тарсам, ки дар савдоӣ ишқу ошиқи рӯзе,

маро бигзориву дилбар касе бандӣ ки чун бошад,

ки чашмаш ҳасрати дунёи дун дорад.

На шӯре дар дилу, на синааш завқи ҷунун дорад.

Ба он гаҳ ин ҳама дунёи ман кӯр аст,

Дигар зистан бароям дар ҷаҳон монандаӣ гӯр аст.

Ту бар қасди замону хасми номардон бо ман бош,

Маро аз чашми бадбинон дар оғушат панаҳ бинмо.

Дар оғуше, ки эҷоз асту эҳсон асту армон аст,

Дилам бар ёди он рӯзу шабонгоҳ сахт пазмон аст!

Ки Эзид бо ту тақдирам бипайваст.

Хушо он соат, ки пеш аз марг аз як дарди ширинест,

припев.

Comments
Welcome to Lyricf comments! Please keep conversations courteous and on-topic. To fosterproductive and respectful conversations, you may see comments from our Community Managers.
Sign up to post
Sort by
Show More Comments
Nigina Amonqulova
  • country:Tajikistan
  • Languages:Tajik, Persian, Dari, Russian+2 more, Shughni, Uzbek
  • Genre:Classical, Folk, Pop-Folk, Singer-songwriter
  • Official site:https://niginamusic.net/
  • Wiki:https://tg.wikipedia.org/wiki/Нигина_Амонқулова
Nigina Amonqulova
Latest update
Copyright 2023-2024 - www.lyricf.com All Rights Reserved