Мешуд бо ҳам якҷо шавем
Мешуд зеби дунё шавем
Байни ду соҳил то абад
Мешуд бо ҳам дарё шавем
~~~ припев | chorus ~~~
Ёр ба бари ёр нашуд
Шодӣ ба такрор нашуд
Зиндагӣ гулзор нашуд
Афсӯс, афсӯс!
Ёр ба бари ёр нашуд
Шодӣи бисёр нашуд
Дилдодаву ғамхор нашуд
Афсӯс, афсӯс!
Замоне ту буди меҳрабоне
Азизи ҷисму ҷоне - таронахоне!
Фасли хазоне расида ногаҳоне
Сӯзу фиғоне - ашки равоне!
Ашки равоне!
~~~~~~~~~~~
Гаҳ шаҳоби шабҳо буди
Гаҳе атри гулҳо буди.
Талху ширин, нохубу хуб
Мисли хобу рӯё шави
припев | chorus [2x]