current location : Lyricf.com
/
Songs
/
Захми забон [Zakhmi Zabon]
Захми забон [Zakhmi Zabon]
turnover time:2024-10-05 14:53:03
Захми забон [Zakhmi Zabon]

Одами баднавсро нони даҳонаш мекушад [2x]

Шахси бадгуфторро захми забонаш мекушад [2x]

Кӯдаконашро агар н-омӯхт одобе падар [2x]

Оқибат ноодами кӯдаконаш мекушад [2x]

Мебари бо худ камон аз тири он андеша кун [2x]

Марди беандешаро тири камонаш мекушад

Гар шиновар хешро бар сели дарё мезанад

Ҳалқаи гирдоби дарёи равонаш мекушад

То ки қад боло кунад по монд дар болои дӯст [2x]

Бевафоро дар ҷудоӣ душманонаш мекушад [2x]

Одами баднавсро нони даҳонаш мекушад,

Шахси бадгуфторро захми забонаш мекушад

Оқибат ноодами кӯдаконаш мекушад....

Comments
Welcome to Lyricf comments! Please keep conversations courteous and on-topic. To fosterproductive and respectful conversations, you may see comments from our Community Managers.
Sign up to post
Sort by